11.07.2013
Ҳафтаи равон қурбҳои асъори хориҷӣ каме поин рафтанд
Қурби долл. ИМА давоми ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ каме паст шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8740 - 4,8910 сомонӣ қарор гирифт.
Дар ин миён, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ чунин тамоилро ба худ касб намуда, мувофикан ба 0,1460 - 0,1470 ва 6,2846 - 6,3074 сомонӣ баробар шуданд.
Ва ниҳоят, имрӯз, 11 июл қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8750-4,8950 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8800-4,8900 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8700-4,8800 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ