17.07.2013
Таваррум дар нимсолаи аввал -1,6%
Тибқи маълумотҳои расмӣ яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ - таваррум дар моҳи июни соли равон низ муътадилӣ ва устувории худро нигоҳ дошт. Азҷумла, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сатҳи таваррум 1,6 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 банди фоизӣ кам мебошад.
Нишондиҳандаи номбурда дар моҳи июн 0,1 фоиз ва дар давоми 12 моҳи охир бошад, ба 5,5 фоиз баробар шуд.
Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 8 июли соли равон бо назардошти кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ, меъёри бозтамвил ба андозаи 0,4 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 6,1 фоизи солона муқаррар карда шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ