18.07.2013
Қурбҳои асъори хориҷӣ каме баланд шуданд
Ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8780 - 4,8960 сомонӣ қарор гирифт.
Дар ин чанд рӯзи ҳафта қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ чунин тамоил доштанд ва мувофикан ба 0,1485 - 0,1495 ва 6,3146 - 6,3382 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 18 июл қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8780-4,8980 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8750-4,8850 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8800-4,9000 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ