Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2013

Бойгонии ахбор
23.07.2013

Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2013

    Имрӯз, 23 июли соли равон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сатҳи таваррум, пасандозҳо, рушди низоми бонкӣ, қурби пули миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
     Дар оғози суҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор дошт, ки бинобар кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ дар нимсолаи аввали соли 2013 рушди муътадили иқтисодиёт ва низоми бонкии мамлакат мушоҳида гардид ва дар ин раванд нишондиҳандаҳои муҳими он ба таври зайл ҷамъбаст гардиданд.

 

1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ

    Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД). Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми ММД ба 15,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 7,5 фоизро ташкил намуд.

    Таваррум. Тавре аз маълумоти Агентии омор бармеояд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ меъёри таваррум 1,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 банди фоизӣ кам мебошад. А. Ширинов изҳор намуд, ки нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 2,8 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 2,0 фоиз ва маҳсулоти хӯрокворӣ 1,1 фоиз ба миён омад.
     Таваррум дар 12 моҳи охир бошад, ба 5,5 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,9 банди фоизӣ зиёд мебошад.
    (Барои маълумот: тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ дар давраи баррасишаванда дар бозори ҷаҳонӣ нархи гандум нисбат ба аввали сол 9,9 фоиз, нафт 6,0 фоиз, алюминий 13,1 фоиз ва тилло 20,3 фоиз паст гардида, нархи нахи пахта 11,6 фоиз боло рафт).
    Ҳамчунин қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сатҳи таварруми аслӣ (бе назардошти таъсири омилҳои берунӣ, мавсимӣ ва маъмурӣ) манфӣ ташаккул ёфта, 0,3 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,7 банди фоизӣ кам мебошад.

    Қурби пули миллӣ. Қурби расмии пули миллӣ дар нимсолаи якуми соли 2013 тағйирёбии муътадил дошт ва нисбат ба доллари ИМА 0,03 фоиз (0,1 фоиз дар нимсолаи якуми соли 2012) паст гардид.

    Тавозуни савдо. Гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 2 млрд.528 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод ва нисбат ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 4,0 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми содирот 8,6 фоиз коҳиш ёфта, ба 612,3 млн. долл. ШМА баробар шуд, ҳаҷми воридот бошад, 8,7 фоиз зиёд шуда, 1млрд.915 млн. долл. ШМА-ро ташкил намуд. Касри тавозуни савдо 1млрд.303 млн. долл. ШМА ташкил намуд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 19,3 фоиз зиёд мебошад.

2. Сиёсати пулию қарзии БМТ

    Тавре дар рафти нишасти матбуоти гуфта шуд, бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ сиёсати мутавозуни пулию қарзиро барои иҷрои сатҳи барномавии пулҳои захиравӣ ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ равона намуд.
    Вобаста ба ин, дар давраи ҳисоботӣ меъёри бозтамвил бетағйир дар сатҳи 6,5 фоиз ва меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, ба хотири таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва мусоидат ба рушди соҳаи қарздиҳӣ, бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ бетағйир дар сатҳи 5,0 ва 7,0 фоиз нигоҳ дошта шуд.
    Ҳамзамон, таъкид гардид, ки меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, вобаста ба пастшавии фоизи миёнаи қарзҳои байнибонкӣ тағйир дода шуд.
    Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки нишондиҳандаи барномавӣ ба шумор меравад, то 1 июли соли ҷорӣ, 4 млрд.488 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 15,1 фоиз (588,8 млн. сомонӣ) зиёд мебошад.
    Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда бошад, ба 3,8 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки аз он 26,9 млн. сомониашро тангаҳои филизӣ ташкил медиҳанд. Дар нимсолаи аввал 647,1 млн. сомонӣ ба муомилот бароварда шуда, 414,5 млн. сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.



3. Рушди низоми бонкӣ

    Шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар интиҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 143 адад расид, аз ҷумла: 16 бонк, 37 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 44 ташкилоти қарзии хурд ва 46 фонди қарзии хурд фаъолият доштанд. Дар ин давра нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта теъдоди ташкилотҳои маблағгузории хурд 1 адад ва филиалҳои бонкҳо 17 адад зиёд гардиданд.
    Ба қавли Раиси БМТ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 1 361 адад нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 171 адад зиёд мебошад. Ҳамзамон, 1171 адад нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли пулӣ фаъолият доранд, ки афзоиши он назар ба ҳамин давраи соли рафта 358 ададро ташкил намуд.

    Пасандозҳо. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6 фоиз афзуда, ба 5,2 млрд. сомонӣ баробар шуд. Агар ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷиро дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо таҳлил намоем, маълум мегардад, ки онҳо дар ин нимсола мувофиқан 31,2 ва 68,8 фоизро ташкил додаанд. Аз ҷумла, ҳаҷми бақияи пасандозҳо дар қиёс ба нимсолаи аввали соли қаблӣ бо пули миллӣ 13,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 13,4 фоиз афзуд.
    Қобили қайд аст, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ 20,1 фоиз зиёд гардида, 3,3 млрд. сомониро ташкил доданд.
    Дар ҷараёни суҳбат қайд гардид, ки фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатдор бо пули миллӣ 15,4 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 10,8 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо пули миллӣ 0,5 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 2,7 банди фоизӣ кам гардиданд.

    Қарзҳо. Бақияи қарзҳои низоми бонкӣ 42,7 фоиз афзуда, ба 6,5 млрд. сомонӣ баробар шуд. Таркиби сохтори он аз 38,2 фоизи қарзҳо бо пули миллӣ ва 61,8 фоизи боқимондаи қарзҳо бо асъори хориҷӣ иборат мебошад.
    Дар нимсолаи аввали соли равон 4,2 млрд. сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 43,8 фоиз зиёд аст. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 24,8 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 21,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта бо пули миллӣ 4,7 банди фоизӣ зиёд гардида, бо асъори хориҷӣ 2,5 банди фоизӣ кам шуд. Ҳаҷми қарзҳои пардохташуда ба 3,1 млрд. сомонӣ баробар шуда, коэффитсенти бозгашти он, 74,2 фоизи қарзҳои дар нимсолаи аввал додашударо ташкил намуд.
    Муҳлати миёнаи қарзҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ барои шахсони воқеӣ 441 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ 369 рӯзро ташкил намуд.
    Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда назар ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 49,8 фоиз зиёд шуда, ба 2,2 млрд. сомонӣ баробар шуд. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 444,8 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 43,9 фоиз зиёд мебошад, изҳор дошт А. Ширинов.

    Низоми пардохт. Дар мавриди теъдоди умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ қайд карда шуд, ки дар нимсолаи ҳисоботӣ 36,4 фоиз зиёд гардида, ба 14,7 млн. адад баробар шуд. Ҳаҷми умумии пардохтҳо 225,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 60,7 фоиз афзудааст.  
    Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 10 адад бонкҳо-эмитентҳои кортҳои пардохтӣ фаъолият намуда, 616 964 адад кортҳои пардохтӣ ба муомилот бароварданд, ки дар натиҷа шумораи он 33,2 фоиз зиёд гардид. Шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ 596 710 нафарро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин санаи соли қаблӣ 29,7 фоиз зиёд аст.
    Ва ниҳоят, дар давраи ҳисоботӣ теъдоди банкоматҳо ба 507 адад, нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ба 585 адад ва терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба 292 адад баробар шуд, ки дар қиёс ба нимсолаи аввали соли гузашта, мувофиқан 117 адад, 124 адад ва 75 адад зиёд гардиданд.


   
    Вохӯрӣ ва мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо хабарнигорони дохилию хориҷӣ хеле шавқовару хотирмон гузашт, аҳли нишаст ба пурсишҳои худ дар бораи навигариҳо ва масъалаҳои гуногуни низоми бонкӣ, андозаи захираҳои тиллоию-асъории мамлакат, интиқоли маблағҳои муҳоҷирини меҳнатӣ, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилию ҷаҳонӣ, сатҳи таваррум, мушкилот ва ҷараёни бозпас гирифтани пулҳои фарсуда, пулҳои қалбакӣ, истифодаи кортҳои пардохтӣ ва ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда, татбиқи фаъолияти низоми бонки исломӣ дар кишвар, таъмини амнияти амонати шаҳрвандон ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку