Мулоқот бо сафири Чин

Бойгонии ахбор
31.07.2013

Мулоқот бо сафири Чин

    31 июли соли равон мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянҷун баргузор гардид.
    Дар ҷараёни суҳбати судманд изҳор гардид, ки дар айни замон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин муносибатҳо ҳам дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба идома доранд. Дар ин маврид махсус қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Чин дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши сохтмони роҳҳо, гузаронидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва инкишофи соҳаҳои дигар нақши назаррас дорад. Маълум аст, дар ин ҷода низоми бонкӣ, ки имкониятҳои зиёди ҳануз истифоданашударо доро мебошад, метавонад дар ҷоннок намудани ҳамкориҳои самарабахш нақши ҳалкунанда ва пешбарро анҷом диҳад.
     Ҷонибҳо зимни аввалин суҳбати кории худ масъалаҳои ташкили Бонки рушди Иттиҳоди ҳамкории Шанхай, омӯзиш ва такмили дониши мутахассисони бонкии ҷумҳурӣ дар бонкҳо ва мактабҳои олии Чин, ифтитоҳи шуъбаҳои бонкҳои Чин дар Тоҷикистон, имконияти истифодаи асъорҳои ҳарду давлат ҳангоми доду гирифти молу маҳсулот, боз ҳам инкишоф додани ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку