Маркази матбуоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об

Бойгонии ахбор
14.08.2013

Маркази матбуоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об

   Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки аз 20 то 21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази матбуоти конфронси номбурда ташкил карда мешавад.
    Барои инъикоси чорабинии мазкур, сари вақт дастрас намудани маълумоти кофӣ аз рафти баргузории он ва таҳияи мақолаю гузоришҳо дар Маркази матбуот ба рӯзноманигорон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.
   Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ метавонанд аз имкониятҳои мавҷудаи Маркази матбуоти ҷаласаи номбурда, аз ҷумла 40 адад компютери нави пайваст бо шабакаи Интернет, 100 нуқтаи дастрасӣ ба шабакаи интернети беноқил (WIFI) ва таҷҳизотҳои дигари зарурии алоқа истифода баранд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку