22.08.2013
Қурби долл. ИМА дар давоми ҳафта андаке афзуд
Ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА андаке афзуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8800 - 4,8980 сомонӣ қарор гирифт.
Дар ин миён қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ бетағйир боқӣ монда, ба 0,1466 - 0,1476 сомонӣ ва бо евро бошад, каме баланд шуда, ба 6,4120 - 6,4350 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 22 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8840-4,9020 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8900-4,9000 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8800-4,9000 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ