23.08.2013
Мулоқот бо муовини Раиси Шӯрои Бонки рушди АврОсиё
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов 23 августи соли равон бо ҳайати кории Бонки Рушди АврОсиё таҳти сарварии муовини Раиси Шӯрои бонки номбурда С.Шаталов, ки чанд рӯз пеш бо сафари хидматӣ ба ҷумҳурӣ омадааст, мулоқот намуд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни суҳбати ҷолиб паҳлӯҳои гуногуни ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди Бонки Рушди АврОсиё ва Бонки миллии Тоҷикистон, низоми бонкии мамлакатро муҳокима карданд. Илова бар ин, мусоҳибон дар бораи фаъолияти Хазинаи зиддибуҳронии Бонки Рушди АврОсиё, имкониятҳои ба сатҳи нав гузаронидани ҳамкориҳо ва дастгирии низоми бонкии мамлакат машварат карданд.
А.Ширинов ҳайати меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат ошно намуда, иброз дошт, ки барои зиёд кардани захираҳои қарзӣ ва дар сатҳи зарурӣ дастгирӣ намудани иқтисодиёти кишвар низоми бонкии ҷумҳурӣ ба дастгирии Хазинаи зиддибуҳронии Бонки Рушди АврОсиё ниёз дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ