29.08.2013
Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ бетағйир боқӣ монд
Қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар давоми ҳафта андаке тағйир ёфта, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди аз 4,8830 то 4,9038 сомонӣ қарор гирифт.
Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ бетағйир боқӣ монда, ба 0,1467 - 0,1477 сомонӣ ва бо евро бошад, каме баланд шуда, ба 6,4300 - 6,4540 сомонӣ баробар шуд.
Имрӯз, 29 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8820-4,9020 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,8950-4,9050 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8800-4,9000 сомонӣ баробар шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ