05.09.2013
Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори нақдина
Қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъорӣ шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар давоми ҳафта каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди аз 4,8820 то 4,9010 сомонӣ қарор гирифт.
Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад андаке паст шуда, мувофиқан ба 0,1454-0,1464 сомонӣ ва ба 6,4090-6,4320 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 5 сентябри қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8820-4,9020 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,9000-4,9100 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8800-4,9000 сомонӣ баробар шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ