Афзоиши ҳаҷми қарзҳои хурд назаррас аст

Бойгонии ахбор
12.09.2013

Афзоиши ҳаҷми қарзҳои хурд назаррас аст

    Ҷамъбасти натиҷаи моҳи июли соли равон нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,9 фоиз зиёд шудааст. Аз он ҷумла 2'565,1 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 4'137,9 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил намуданд. Таркиби бақияи қарзҳоро аз 64,1 фоиз (4' 298,7 млн. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 35,9 фоиз (2'404,3 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.
    Афзоиши ҳаҷми қарзҳои хурди пешниҳод шуда дар ин давра назаррас буда, маблағи 2 '648,3 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 882,8 млн. сомонӣ ё 50,0 фоиз зиёд мебошад.
    Аз ин ҳисоб 526,5 млн. сомонии он ҳамчун қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин ба маблағи 165,0 млн. сомонӣ ё 45,7 фоиз зиёд мебошад.


Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку