12.09.2013
Қурби долл. ИМА каме баланд шуд
Қурби долл. ИМА каме баланд шуд Қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар давоми ҳафта ва рӯзҳои ид, каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди аз 4,8870 то 4,9060 сомонӣ қарор гирифт.
Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад бетағйир боқӣ монда, мувофиқан ба 0,1458-0,1468 сомонӣ ва ба 6,4085-6,4306 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 12 сентябри қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8900-4,9120 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,9000-4,9100 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8800-4,9000 сомонӣ баробар шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ