Пасандозҳои шахсони воқеӣ зиёд шуданд

Бойгонии ахбор
16.09.2013

Пасандозҳои шахсони воқеӣ зиёд шуданд

     Тибқи маълумотҳои оморӣ бақияи пасандозҳо дар интиҳои моҳи июли соли равон 5'205,7 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,4 фоиз афзун шуданд.
    Аз ин маблағ 1'628,4 млн. сомонӣ бо пули миллӣ ва 3'577,3 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ рост меояд. Таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳоро 36,3 фоиз ё 1'889,0 млн. сомонӣ пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 63,7 фоиз ё 3'316,6 млн. сомонӣ пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
     Дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,49 фоиз (дар ҳамин давраи соли гузашта 16,08 фоиз) ва бо асъори хориҷӣ 11,03 фоиз (дар ҳамин давраи соли қаблӣ 13,42 фоиз)-и солонаро ташкил намуданд, ки аз коҳиш ёфтани он дарак медиҳад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку