Мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ

Бойгонии ахбор
24.09.2013

Мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ

    Дар мулоқоте, ки имрӯз, 24 сентябри соли равон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии Роҳбари бахши хусусӣ ва молиявии бонки номбурда оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи марказӣ хонум Палома Анос Касеро баргузор намуд, масъалаҳои ҳамкориҳои мавҷудаи дуҷонибаи судманд ва дурнамои онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 
Сурат_mini.jpg 
    Аз он ҷумла, дар ҷараёни вохурӣ ва мулоқоти муфид ҷонибҳо аз натиҷаҳои хуби ҳамкориҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллӣ дар бахши назорати бонкӣ, авнавсозии низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз намуданд, ки дар ин ҷода таҷрибаи бой ва қобили дастгирӣ ба даст омадааст.
    Дар мавриди дурнамои идомаи муносибатҳои дуҷониба хонум Палома Анос Касеро ва Абдуҷаббор Ширинов ҷонибдории худро барои дар амал татбиқ намудани Лоиҳаи бахши молиявӣ, ки яке аз ҷузъҳои он инкишоф ва назорати бозори суғуртаро дар бар мегирад, баён карданд. Ҳамчунин, дар ҷараёни баррасии ин масъала, изҳор гардид, ки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ болои лоиҳаи номбурда мулоқоту машварат ва музокиротҳои кориро идома хоҳанд дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку