Таварруми моҳона - 0,9 фоиз

Бойгонии ахбор
24.09.2013

Таварруми моҳона - 0,9 фоиз

    Тибқи маълумоти мавҷудаи Оҷонсии омор дар моҳи август сатҳи таваррум 0,9 фоизро ташкил намуда, бо гузашти ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба 2,5 фоиз баробар шуд. Нишондиҳандаи номбурда дар давоми 12 моҳи охир бошад, 4,6 фоизро ташкил дод.
    Меъёри бозтамвил, ки яке аз нишондиҳандаи муҳими иқтисодӣ ва фишанги асосии сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, баъди тағийрёбии охир аз 8 июли соли равон то ба имрӯз бетағйир боқӣ монда, дар айни замон 6,1 фоизи солонаро ташкил медиҳад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку