26.09.2013
Қурби долл. ИМА дар давоми ҳафта каме паст шуд
Дар давоми ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ каме паст шуд ва ба ҳисоби миёна дар ҳудуди аз 4,8830 - 4,9000 сомонӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон дар ин рӯзҳо. қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро андаке афзуда, мувофиқан ба 0,1505-0,1515 сомонӣ ва ба 6,4605-6,4820 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 26 сентябри қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8810-4,9000 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8900-4,9000 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8800-4,9000 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ