Пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуданд

Бойгонии ахбор
04.10.2013

Пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуданд

     Ҷалби устувор ва рӯзафзуни пасандозҳо ба ташкилотҳои қарзӣ аз баланд шудани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад. Бақияи пасандозҳо тибқи маълумотҳои оморӣ дар охири моҳи августи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 фоиз афзун гашт.   
    Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 36,3 фоиз (маблағи 1’ 916,1 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 63,7 фоиз (3’358,0 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
    Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,63 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,18 фоизи солонаро ташкил намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,26 фоиз ва 2,2 фоиз кам шуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку