07.10.2013
Талабот ба қарзҳои хурд бештар гаштааст
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ бақияи умумии қарзҳо дар моҳи августи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,5 фоиз зиёд мебошад. Таркиби бақияи қарзҳо аз 63,5 фоиз (4’370,4 млн. сомонӣ) қарзҳои кутоҳмуддат ва 36,5 фоиз (2’514,1 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат ибораn мебошад.
Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,98 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,63 фоизи солонаро ташкил доданд.
Чун моҳҳои пеш бинобар зиёд гардидани талабот, ҳаҷми қарзҳои хурд дар давраи ҳисоботӣ ба 3’ 035,9 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 987,0 млн. сомонӣ ё 48,2 фоиз афзуд. Аз он ҷумла, 601,1 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 39,7 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ