Меъёри бозтамвил боз ба андозаи 0,6 банди фоизӣ поин бурда шуд

Бойгонии ахбор
08.10.2013

Меъёри бозтамвил боз ба андозаи 0,6 банди фоизӣ поин бурда шуд

    7 октябри соли равон бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ба андозаи 0,6 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 5,5 фоизи солона муқаррар гардид.
   Тағйироти навбатӣ бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории муътадилии ҳаҷми пул дар муомилот, мусоидат ба рушди воқеии иқтисодиёт ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ бо назардошти кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ворид карда шудааст.
    Қайд кардан бамаврид аст, ки маротибаи аввал  имсол меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон 8 июли соли равон ба андозаи 0,4 банди фоизӣ паст карда шуда буд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку