Вазъи қурбҳои асъори хориҷӣ муътадил аст

Бойгонии ахбор
10.10.2013

Вазъи қурбҳои асъори хориҷӣ муътадил аст

    Ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме паст шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8809 -4,8989 сомонӣ қарор гирифт.
     Дар баробари ин, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бе тағйир боқӣ монда, мувофиқан ба 0,1498-0,1505 сомонӣ ва 6,5005-6,5157 сомонӣ баробар шуданд.
     Имрӯз, 10 октябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе, ш. Хуҷанд 4,8900-4,9000 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8800-4,8900 сомониро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку