29.10.2013
Таварруми нуҳмоҳа 2,8 фоизро ташкил намуд
Тибқи маълумотҳои расмӣ сатҳи таваррум дар моҳи сентябри соли равон низ муътадил ва устувор буд. Аз ҷумла, дар давраи январ-сентябри соли ҷорӣ сатҳи таваррум 2,8 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 банди фоизӣ кам мебошад.
Нишондиҳандаи номбурда дар моҳи сентябр 0,3 фоиз ва дар давоми 12 моҳи охир бошад, ба 3,6 фоиз баробар шуд.
Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 октябри соли равон меъёри бозтамвил ба андозаи 0,6 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 5,5 фоизи солона муқаррар гардид.
Хадамоти матбуоти
БМТ