Иҷозатнома ва Шаҳодатномаҳо бозхонд шуданд

Бойгонии ахбор
29.10.2013

Иҷозатнома ва Шаҳодатномаҳо бозхонд шуданд

    Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 28 октябри соли равон ҶСП «Сомонбонк»-ро бинобар ба охир расидани кори комиссияи барҳамдиҳии ихтиёрӣ аз Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ хориҷ намуд.
    Ҳамчунин ба Қарорҳои дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бинобар сабаби муҳлатҳои тулонӣ фаъолият накардан Иҷозатнома ва Шаҳодатномаҳои ҶДММ ТҚХ «Грант-Кредит», ФҚХ «Занони Меҳрубон», ФҚХ «Кулчашма», ФҚХ «Ватанам», ФҚХ «АСКаМР», ФҚХ «Ҷонсӯз», ФҚХ «Насрин «ва ФҚХ «Нушор» аз эътибор соқит дониста шудаанд.
    Мутобиқи санадҳои боло иҷозатнома ва шаҳодатномаҳои ташкилотҳои номбурда бозпас гирифта шуда, номи онҳо аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку