30.10.2013
Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори радиои “Озодӣ” дар Тоҷикистон м. Хуршед Андамов
Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба мактуби намояндаи Радиои Аврупоии Озод/Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон маълумотҳои зеринро ирсол менамояд.
1. Тавре дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон омадааст, яке аз вазифаҳои Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон тафтиши маблағҳои грантиест, ки созмонҳои байналмилалӣ ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон чудо мекунанд, мебошад. Оё ин Департамент аз болои ин маблағҳо назорат мекунад ва агар ҳа, ба кадом шакл?
Ҷавоб: Мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ва меъёрҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявӣ оид ба мубориза ба шустани пул (ФАТФ), ки талаботҳои умумии байналмилалиро муайян мекунанд, аз тарафи Департаменти мониторинги молиявӣ ҳамаи маблағҳои интиқолгардидаи аз меъёри муайяншуда зиёд мавриди таҳлил қарор дода мешаванд.
Дар ин маврид ҳамаи маблағҳои интиқолшавандаи кӯмакҳои молиявии бебозгашт (грант) низ таҳти назорат қарор дода шуда, мушаххасоти умумии интиқолҳо тибқи тартиби муайян таҳлил карда мешаванд.
Вобаста ба ин, Департамент ба фаъолияти ҷории ин ташкилотҳо дахолат накарда, дар бораи ба кадом мақсадҳо равона гардидани ин маблағҳо маълумоти заруриро дастрас менамояд.
2. Тавре медонем, дар бархе ҳолатҳо созмонҳои байналмилалӣ зери шиори «ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократия» маблағҳои грантиро барои мақсадҳои дигар ба созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон ҷудо мекунанд. Оё дар тули фаъолияти худ Департаменти мониторинги молиявӣ ягон ҳолати чудо шудани чунин грантҳои «шубҳанок»-ро мушоҳида кардааст?
Ҷавоб: Дар тӯли фаъолияти худ Департамент бо мақомотҳои дахлдори кашшофии хориҷӣ ва танзиму назоратии дохилӣ доир ба ҳолатҳои алоҳида, ки ба шахсони гуногуни воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, таҳлил, муколама ва мубодила намуда, ҳамкориро давом дода истодааст.
То ин замон амалиётҳои шубҳанок аз рӯи кӯмакҳои молиявии бебозгашт (грант), ки ба ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда дахл дошта бошад, муайян нагардидааст.
Сарфи назар аз ин, Департаменти мониторинги молиявӣ дар асоси муқаррарот ва тартиботи мавҷудаи меъёрию ҳуқуқӣ таҳлилҳо ва чораҳои заруриро, ки тибқи қонунгузорӣ муайян шудааст, анҷом медиҳад.
Хадамоти матбуоти
Бонки миллии Тоҷикистон