31.10.2013
Бақияи умумии қарзҳо 37,9 фоиз афзуд
Ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо мувофиқи маълумотҳои ҷамъбастӣ дар охири моҳи сентябри соли равон раванди зиёдшавии муътадили худро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,9 фоиз афзуд. Таҳлили таркиби бақияи қарзҳо дар ин давра нишон дод, ки 4’452,3 млн. сомонӣ ё 63,1 фоизро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 2’598,3 млн. сомонӣ ё 36,9 фоизро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 23,99 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,93 фоизи солонаро ташкил намуд.
Ҳаҷми қарзҳои хурд дар ин давра бинобар баланд гардидани талабот ба ин намуди хизматрасонии бонкӣ то 3’419,5 млн. сомонӣ зиёд гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1’119,3 млн. сомонӣ ё 48,7 фоиз афзуд. Қобили қайд аст, ки аз ин маблағ 667,6 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 199,1 млн. сомонӣ ва ё 42,5 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ