Ба пулҳои қалбакӣ дар муомилот ҷой нест

Бойгонии ахбор
12.11.2013

Ба пулҳои қалбакӣ дар муомилот ҷой нест

Ҷавоб ба мақолаи рӯзномаи «ИмрӯзNews» «Миллионҳои қалбакӣ»,
2 октябри с. 2013

    Дар ибтидо ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва дигар ҳафтаномаҳою сомонаҳои интернетии ҷумҳурӣ, ки ба чунин як мавзуи муҳим – тақаллуби асъор таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ахбору мақолаҳо ба нашр расонидаанду мардумро бо ин восита ба ҳушёрию зиракӣ даъват намудаанд, миннатдории хешро баён менамоем. Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои васеи ин минбарҳои фаврии ташвиқотию тарғиботӣ ба маълумоти кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ, ташкилотҳои қарзӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мерасонад, ки дар муомилоти пулии кишвар баъзан метавонад ҳодисаҳои пайдо шудани пулҳои қалбакӣ, хоса асъори хориҷӣ ба миён ояд.
    Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳангоми сару кор гирифтан бо пули нақд зираку мушоҳидакор бошем ва ин падидаи номатлубро, ки гоҳ-гоҳе аз худ дарак медиҳад, нодида нагирем. Зеро шахсон ё гурӯҳҳои тақаллубкор, бахусус дар бахши сохтани пулҳои қалбакӣ дар ҳама давру замон вуҷуд доштанд ва бо мақсадҳои гуногуни худ ба ин кор даст мезаданд. Бояд ҳамагон дарк намоем, ки гардиши пулҳои қалбакӣ дар муомилот метавонад ба паст шудани қурби пули миллӣ оварда расонад, ба ҳаёти иҷтимоии ҳар шахс ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишвар зиён оварад. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, пешгирӣ ва мубориза бар зидди тақаллубкории пул натанҳо вазифаи сохторҳои маъмурӣ, балки яке аз вазифаҳои муқаддаси низоми бонкӣ ва ҳатто ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
    Албатта, дар ин маврид саволе пайдо шуданаш мумкин аст, ки бо кадом роҳу воситаҳо метавон бо ин амали нопок мубориза бурд. Имрӯз мо дар қарни рушди босуръати илму техника зиндагӣ мекунем ва ширкатҳои истеҳсоли дастгоҳҳои бонкии олам барориши чунин мошинҳои пулшумории навтаринро ба роҳ мондаанд, ки онҳо дар ҷараёни пулшуморӣ пулҳои қалбакиро ба осонӣ ошкор менамоянд. Ба ғайр аз ин, дастгоҳҳои навтарине дар соҳаи бонкӣ вуҷуд доранд, ки истифодаи онҳо муайян кардани аслияти пулро хело осон кардаанд. Вобаста ба ин, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки хазинаҳои бозшумории худро бо чунин дастгоҳҳои ҳозиразамон таъмин намоянд ва истифодаи онҳоро ба роҳ монанд.
    Бояд қайд намуд, ки дар тули таърихи мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот пайдо шудани пулҳои тақаллубии чӣ миллӣ ва чӣ хориҷӣ хеле кам ба қайд гирифта шудаанд.
    Бо вуҷуди ин, аз сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоем, ки барои эмин нигоҳ доштани маблағҳои нақдии худ унсурҳои ҳимоявии пули миллиро аз бар кунанд ва ҳангоми доду гирифт пулҳоро бодиққат аз назар гузаронанд. Ошкор намудани пулҳои қалбакӣ дар марҳалаи аввали пайдоишашон яке аз тарзҳои мубориза зидди тақаллубкорӣ мебошад.
     Ва ниҳоят шаҳрвандонро зарур аст, ки амалиётҳои хариду фурӯшро танҳо бо пули миллӣ анҷом бидиҳанд ва ҳангоми ошкор шудани пулҳои шубҳанок ба сохторҳои маъмурӣ хабар диҳанд. Агар барои ба роҳ мондани ин ё он доду гирифт зарурияти истифодаи асъори хориҷӣ ба миён ояд, бояд ин гуна амалиёт ба воситаи бонкҳо ё нуқтаҳои мубодилаи асъор анҷом дода шаванд.

Хадамоти матбуоти
Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку