20.11.2013
Мулоқот бо ҳайати намояндагии Давлати Қатар
Имрӯз, 20 ноябри соли равон мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Абдуҷаббор Ширинов бо ҳайати намояндагии Давлати Қатар таҳти сарварии мудири бахши рушди фаъолияти Созмони сармоягузории Қатар ҷаноби Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши низоми бонкӣ, ҷалби сармоягузориҳои дарозмуҳлат ба иқтисодиёти ҷумҳуриро баррасӣ намуданд.
Дар оғози суҳбат А.Ширинов меҳмононро бо вазъи феълии макроиқтисодӣ ва дастовардҳо дар низоми бонкии мамлакат шинос намуд. Номбурда иброз дошт, ки айни замон дар ҷумҳурӣ нақшаи ба роҳ мондани фаъолияти бонкдорӣ тибқи қоидаҳои исломӣ корҳои омодагӣ идома доранд, аз ҷумла лоиҳаи қонуни дахлдор таҳия шудааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад.
Роҳбари ҳайати меҳмонони давлати Қатар ҷаноби Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ изҳор намуд, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судбахш дар соҳаҳои гуногун, бахусус низоми бонкӣ ва маблағгузориҳои дарозмуҳлат манфиатдор мебошанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ