21.11.2013
Қурбҳои асъори хориҷӣ каме баланд шуданд
Ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ афзуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,9182-4,9359 сомонӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро андаке баланд шуда, мувофиқан ба 0,1496-0,1506 ва 6,5582-6,5817 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 21-уми ноябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9190-4,9390 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9300-4,9400 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9200-4,9400 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ