22.11.2013
Таварруми моҳона - 0,3 фоиз
Сатҳи таваррум дар моҳи октябри соли равон низ муътадилӣ ва устувории худро нигоҳ дошт. Тавре аз маълумотҳои расмӣ бармеояд, дар давраи январ-октябри соли ҷорӣ сатҳи таваррум 3,1 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,0 банди фоизӣ кам мебошад.
Нишондиҳандаи мазкур дар моҳи октябр 0,3 фоиз ва дар зарфи 12 моҳи охир бошад, 3,4 фоизро ташкил дод.
Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги сиёсати пулию қарзӣ бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 октябри соли ҷорӣ 5,5 фоиз муқаррар карда шудааст.
Хадамоти матбуоти
БМТ