Пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуданд

Бойгонии ахбор
25.11.2013

Пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуданд

     Бақияи пасандозҳо дар интиҳои моҳи октябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 13,0 фоиз афзуд. Таркиби бақияи пасандозҳо ба таври зайл тақсимбандӣ шудаанд: 1’874,2 млн. сомонӣ (ё 35,0 фоиз)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 3’475,5 млн. сомонӣ (ё 65,0 фоиз)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 2,2 фоиз кам ва 23,3 фоиз зиёд шудаанд.
    Дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,74 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,44 фоизи солонаро ташкил намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,05 фоиз ва 1,6 фоиз паст мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку