Талаботи аҳолӣ ба қарзҳои хурд зиёд гаштааст

Бойгонии ахбор
26.11.2013

Талаботи аҳолӣ ба қарзҳои хурд зиёд гаштааст

    Бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии кишвар моҳи октябри соли равон тамоюли афзоишро идома дода, бештар аз 7’290 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,0 фоиз зиёд мебошад. Агар ба таркиби бақияи қарзҳо назар андозем, 63,2 фоизро қарзҳои кутоҳмуддат ва 36,8 фоизро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд ва ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат мунтазам зиёд мешавад.
    Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ бо пули миллӣ 24,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,25 фоизи солонаро ташкил додааст.
    Чун дар даҳ моҳи соли равон талабот ба қарзҳои хурд зиёд шуд, ҳаҷми ин намуди қарз ба 3’824,0 млн. сомонӣ баробар гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 50,2 фоиз ё бештар аз 1’277,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон бошад, дар ин давра 741,9 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,5 фоиз ё 217,7 млн. сомониро ташкил медиҳад

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку