Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар таъмин гардид

Бойгонии ахбор
26.11.2013

Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар таъмин гардид

Тамоили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва татбиқи сиёсати пулии кишвар дар моҳҳои январ-октябри соли 2013

    Дар моҳҳои январ-октябри соли 2013 бо беҳтар гаридидани нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкию молиявӣ ва болоравии даромадҳои аҳолӣ, ки ба давомнокии афзоиши унсури талабот вобастагӣ дошт, ҷараёни рушди устувори иқтисодиёти миллӣ инъикос гардид.            
    Ҳаҷми ММД дар ин давра ба 31,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 7,4 фоизро ташкил намуд. Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, гардиши савдои чакана 18,4 фоиз,сохтмон 16,2 фоиз, хизматрасонӣ 10,1 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,2 фоиз ва маҳсулоти саноатӣ 3,5 фоиз ба қайд гирифта шуд.      
    Сатҳи таваррум раванди пастравӣ дошта, дар давраи баррасишаванда 3,1 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,0 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 5,7 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ 2,4 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 0,7 фоиз ба миён омад.           
    Ҳамзамон, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 3,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 банди фоизӣ кам мебошад.
    Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми аслӣ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 0,5 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,6 банди фоизӣ коҳиш ёфт. Таварруми аслии солона бошад, дар ин давра ба 0,8 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,5 банди фоизӣ кам мебошад.
    Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра сиёсати пулию қарзиро вобаста ба вазъи нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар баҳри иҷрои сатҳи пешбинишудаи унсурҳои (агрегатҳои) пулӣ, рушд ва таъмини фаъолияти босуботи низоми молиявӣ равона намуд. Аз ҷумла, бинобар пастгардидани фишорҳои таваррумӣ ва бо мақсади мусоидат ба рушди воқеии иқтисодиёт меъёри бозтамвил тадриҷан аз 6,5 фоиз ба 5,5 фоизи солона паст карда шуд.
    Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки нишондиҳандаи асосии барномаи монетарӣ ба ҳисоб меравад, ба ҳолати 31 октябри соли равон 5,0 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 16,5 фоиз зиёд мебошад.    
    Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзиро бо истифодаи босамари воситаҳои он ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот ва сатҳи нархҳо, ки ба ҷараёни рушди устувори иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд, равона месозад.


Департаменти сиёсати пулӣ

Возврат к списку