27.11.2013
Машварат дар БМТ бо иштироки роҳбарони бонкҳои ҷумҳурӣ
Ҷаласаи васеи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ки имрӯз, 27 ноябри соли равон бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ доир гардид, ба ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нуҳ моҳи соли 2013 ва вазифаҳо барои семоҳаи чорум бахшида шуд.
Дар ҷараёни ҷаласаи номбурда вазъи макроиқтисодӣ-молиявии ҷумҳурӣ, низоми бонкӣ, ташкили пурсишҳо ва ошкор кардани камбудиҳо дар фаъолияти низоми бонкӣ, фаъолияти низоми пардохт дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ, вазъи бозори асъор дар даҳ моҳи соли равон ва дигар мавзуъҳои муҳими бахши бонкдорӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Намояндагони масъули ташкилотҳои қарзӣ фикру андешаҳои худро оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иброз дошта, баҳри бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти бонкҳои алоҳида ва низоми бонкии мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ