05.12.2013
Вазъи қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозор мӯътадил аст
Дар давоми ҳафта қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъорӣ ҷумҳурӣ андаке паст фаромада, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,9230-4,9310 сомонӣ қарор гирифт.
Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ низ каме паст фаромада, мувофиқан ба 0,1478-0,1488 ва бо евро бошад каме баланд шуда мувофиқан ба 6,5863-6,6089 сомонӣ баробар шуд.
Имрӯз, 5-уми декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,9270-4,9320 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,9300-4,9400 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,9200-4,9400 сомонӣ баробар аст.
Хадамоти матбуоти
БМТ