Мулоқот бо роҳбарони Ташкилотҳои маблағгузории хурд

Бойгонии ахбор
12.12.2013

Мулоқот бо роҳбарони Ташкилотҳои маблағгузории хурд

    «Вазъи ташкилотҳои маблағгузории хурд дар даҳ моҳи соли 2013 ва рушди минбаъдаи он», - чунин ном дошт мавзӯи мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо масъулини Ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки 12 декабри соли равон баргузор гардид.



    Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорони он аз бурду бохти ташкилотҳои номбурда сухан ронда, изҳор доштанд, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 118 ташкилотҳои маблағгузории хурд фаъолият доранд. Солҳои охир дар ин бахши бонкӣ раванди зиёд шудани ҷалби амонатҳо, сармояи онҳо мушоҳида гардида, доираи фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд васеъ шуда, шумораи онҳо афзуда истодааст. Соли гузашта бошад, якчандтои онҳо ба гирифтани баҳои баланди ташкилотҳои байналмилалӣ сазовор гаштанд.
    Қайд гардид, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар ин қисмати фаъолияти бонкӣ, на ҳамаи имкониятҳои мавҷуда, аз он ҷумла дар бахши ҷалби амонатҳо ба таври зарурӣ истифода бурда мешаванд. Баъзе ташкилотҳое низ ҳастанд, ки ҳисоботҳои молиявии худро сари вақт пешниҳод наменамоянд ё дар раванди омода намудани онҳо ба беаҳамиятӣ роҳ медиҳанд, ки дар натиҷа ба хатогиҳо оварда мерасонад.
    Зимни мулоқоти судманд ба роҳбарони ташкилотҳои номбурда тавсия дода шуд, ки оид ба паст кардани фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда кӯшиш намоянд ва шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои хурдро дар назди муштариён таъмин кунанд.



    Роҳбарони Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ва Ташкилотҳои маблағгузории хурд дар муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар кардани кори ташкилотҳояшон, оиди захираҳои ҳатмӣ, суғуртаи амонатҳои шахсони воқеӣ ва ғайра пешниҳодҳои ҷолиб манзур намуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку