Бойгонии ахбор
19.12.2013

Қурби долл. ИМА каме паст шуд

    Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА каме паст шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,9170-4,9350 сомонӣ қарор гирифт.
    Дар ин давра қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ бе тағйир боқӣ монда, 0,1480-0,1490 сомониро ташкил намуд, бо евро бошад, каме баланд шуда ба 6,6305-6,6534 сомонӣ баробар шуд.
    Имрӯз, 19 декабр қурби миёнаи долл. ИМА боз паст шуда дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9120-4,9320 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9100-4,9300 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9200-4,9300 сомониро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку