20.12.2013
Афзоиши ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ идома дорад
Мувофиқи маълумоти расмӣ бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар интиҳои моҳи ноябри соли равон тамоюли зиёдшавиро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,8 фоиз афзуд.
Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 35,7 фоиз (ё 1’955,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,3 фоиз (ё 3’529,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 8,9 фоиз ва 25,1 фоиз зиёд шудаанд.
Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ бо пули миллӣ 15,83 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,62 фоизи солонаро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,10 фоиз баланд ва 1,3 фоиз паст мебошанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ