Ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд

Бойгонии ахбор
20.12.2013

Ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд

    Дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Кристофер Миллер, ки имрӯз 19 декабри соли 2013 баргузор гардид, натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соли равон ва нақшаҳои нав барои тақвияти муносибатҳои судманд дар соли оянда муҳокима карда шуданд.
    Ҷаноби Кристофер Миллер зимни суҳбат иброз дошт, ки Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ дар Тоҷикистон имсол аз рӯи чанд лоиҳаи тарҳрезишуда дар бахшҳои маблағгузории хурд, маблағгузориҳои муштарак, баланд бардоштани маърифати молиявӣ, дастгирии кори Бюрои қарзии иттилоотӣ, омӯзиши рушди қарзҳои ипотекӣ дар маҳалҳо фаъолияти худро идома дода истодааст ва омода аст дар соли оянда низ дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон тарҳҳои навро амалӣ созад.
    Абдуҷаббор Ширинов ба Роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ барои кумаку дастгириҳои корпоратсияи номбурда миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар бахши дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла дар самтҳои рушди қарздиҳии ипотекӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва ҷалби маблағгузорӣ ба истеҳсолот омода мебошад. 
    Дар баробари ин, ӯ аҳамияти бузурги ҳамкорӣ барои такмили соҳаи қарздиҳӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти Бюрои қарзӣ ва ҷалби маблағгузориро ба низоми қарзии кишвар махсус қайд намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку