25.12.2013
Телефони боварӣ амал менамояд
Чанде қабл Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилоте, ки дар хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ ба миён меояд, хадамоти телефони бовариро +(992) 44- 600-15-20 ташкил намуда буд.
Боиси қаноатмандист, ки шаҳрвандон барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар хизматрасониҳои бонкӣ фикру мулоҳизоти худро тариқи телефони мазкур манзур медоранд.
Аз ҷумла, 17 декабри соли равон, соати 07:50 дақиқа шаҳрванди шаҳри Душанбе аз кор накардани банкомате, ки дар кӯчаи Рудакӣ 1 «А» ҷойгир аст, ба масъулини телефони боварӣ хабар дод.
Масъалаи номбурда дар ҳамкорӣ бо кормандони бонки хизматгузор ҳаллу фасл шуд. Тавре маълум гардид, банкомати мазкур бинобар сабаби қатъ шудани барқ аз фаъолият бозмонда, бо кушиши масъулин пас аз 51 дақиқа дубора фаъол гардонида шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ