Таъсиси Гуруҳи корӣ дар БМТ

Бойгонии ахбор
26.12.2013

Таъсиси Гуруҳи корӣ дар БМТ

    Дар ҷараёни ҷаласаи XII-уми Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки 13 декабри соли равон баргузор гардид, барои рушду нумуи бозори такрории коғазҳои қиматнок ба Бонки миллии Тоҷикистон супориши мушаххас дода шуд.         
    Ҷиҳати иҷрои супориши мазкур Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Гуруҳи корӣ таъсис додааст.
    Гуруҳи корӣ чанбаҳои асосӣ ва имкониятҳои рушди минбаъдаи бозори такрории коғазҳои қиматнокро ҳамаҷониба таҳлил намуда, тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод менамояд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку