Рушди устувори нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкию макроиқтисодӣ идома дорад

Бойгонии ахбор
26.12.2013

Рушди устувори нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкию макроиқтисодӣ идома дорад

Назаре ба тамоюли нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва татбиқи сиёсати пулии кишвар дар моҳҳои январ-ноябри соли 2013

    Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2013 нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкию макроиқтисодӣ бинобар кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва омилҳои берунии ба иқтисодиёт таъсиррасон рушди устувори худро идома доданд.
    Ҳаҷми ММД дар ин давра ба 35,9 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 7,3 фоизро ташкил намуд. Афзоиши бештар асосан дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз қабили, гардиши савдои чакана - 19,2 фоиз, сохтмон - 17,3 фоиз, хизматрасонӣ - 9,8 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ - 7,7 фоиз ва саноат - 3,4 фоиз ба қайд гирифта шуд.   
    Нишондиҳандаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар интиҳои моҳи ноябри соли равон 4,9 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,0 фоиз зиёд мебошад.
    Сатҳи таваррум раванди пастравиро нигоҳ дошта, дар ин ёздаҳ моҳ 3,4 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ - 6,1 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ - 2,8 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ - 0,6 фоиз ба миён омад.      
    Ҳамзамон, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 3,5 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,0 банди фоизӣ кам мебошад.
    Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми аслӣ дар давраи таҳлилшаванда 0,8 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 банди фоизӣ коҳиш ёфт. Таварруми аслии солона бошад, ба 1,0 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 банди фоизӣ кам мебошад.
    Гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ - ноябри соли ҷорӣ 4,8 млрд. долл. ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 фоиз афзуд. Аз ҷумла, гардиши савдо бо кишварҳои хориҷаи наздик 3,3 фоиз коҳиш ёфта, бо кишварҳои хориҷаи дур 10,0 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми содироти молҳо 1,1 млрд. долл. ИМА ва воридоти молҳо 3,8 млрд. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 12,9 фоиз кам ва 10,3 фоиз зиёд мебошад.
    Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ сиёсати пулию қарзиро вобаста ба вазъи иқтисодии кишвар бо мақсади иҷрои сатҳи пешбинишудаи нишондиҳандаҳои пулӣ, таъмини фаъолияти босуботи низоми молиявӣ ва мусоидат ба ҷараёни рушди иқтисодиёт равона намуд. Бо назардошти паст гардидани фишорҳои таваррумӣ меъёри бозтамвил тадриҷан аз 6,5 фоиз то ба 5,5 фоизи солона паст карда шуд.
    Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки нишондиҳандаи асосии барномаи монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар интиҳои моҳи ноябри соли равон 5,3 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 18,8 фоиз зиёд мебошад.
    Нишондиҳандаҳои асосии пулӣ, ба монанди ҳаҷми захираҳои софи байналмилалӣ ва дороиҳои софи дохилӣ дар давраи ҳисоботӣ мувофиқан 2 649,1 млн. сомонӣ ва 3 010,7 млн. сомониро ташкил доданд.
     Вобаста ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёт афзоиши ҳаҷми пул (М2) дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,1 фоиз ва нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул (М4) 20,2 фоизро ташкил намуданд.
    Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзиро бо истифодаи босамари воситаҳои он баҳри таъмини устувории низоми молиявӣ ва рушди иқтисодиёт равона месозад.

Департаменти сиёсати пулӣ

Возврат к списку