Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» Ҷамила Мирбозхонова
1. Сандуқи байналмилалии пул вазъи ҶСК «Агроин-вестбонк»-ро ҳанӯз ногувор хондааст, ин гузориш то куҷо дуруст аст? Шумо розӣ ҳастед ба андешаи онҳо, ки бо вуҷуди рекапитализатсияи «Агроинвестбонк» ва садҳо миллион саҳми давлат, дар ин бонк ҳанӯз ҳам норасоии маблағ ҷой дорад. Вазъи молиявии ҶСК «Агроинвестбонк» баъд аз анҷом ёфтани сармоякунонӣ бо роҳи ворид намудани ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, то имрӯз уҳдадориҳои худро дар назди қарздиҳандагони хориҷию ватанӣ, муштариён ва амонатгузорони худ сари вақт иҷро менамояд ва пардохтҳои онҳоро боре ҳам ба таъхир нагузоштааст. Вале иҷрои баъзе меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ва сифати сандуқи қарзӣ беҳбудӣ металабад.
2. Сандуқи байналмилалии пул ҶСК «Агроинвестбонк»-ро бори зиёдатӣ барои буҷаи давлат арзёбӣ карда, пешниҳод кардааст, ки барои ба эътидол овардани вазъи ин бонк мутахассисони хориҷиро ҷалб намояд.
Дар натиҷаи сармоякунонии ҶСК «Агроинвестбонк» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати молия соҳиби 52%-и сармояи пардохташудаи бонк гардид ва ҳамчун саҳмиядори асосӣ фаъолияти бонкро дар асоси принсипҳои идоракунии корпоративӣ пурзур карда, назорати хешро барои иҷро намудани мақсадҳои гузошташуда равона кардааст.
Тавре маълум аст, саҳмиядори асосии бонк салоҳият дорад қисми зиёди аъзои Шӯрои нозиронро аз ҳисоби номзадҳои худ интихоб намояд. Дар мавриди ба вазифаҳои роҳбарикунандаи бонк ҷалб кардани мутахассисони хориҷӣ бояд қайд намуд, ки тибқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ин кор ба салоҳияти Шӯрои нозирони бонк тааллуқ дорад.
3. Дар мавриди Сандуқи байналмилалии пул, ки ҶСК «Агроинвестбонк»-ро бори зиёдатӣ барои буҷаи давлат арзёбӣ кардааст, чӣ назар доред? Қайд кардан зарур аст, ки дар таҷрибаи бештари давлатҳои дунё яке аз роҳҳои асосии ба эътидол овардани вазъи институтҳои молиявӣ, хусусан дар давраи буҳрони охирини молиявии ҷаҳонӣ, дастгирии давлатии онҳо мебошад. Ин амал ба хотири таъмини устувории низоми бонкӣ, пешгирии буҳрони бонкӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ дар соҳаи молиявӣ равона шудааст.
Бинобар яке аз бонкҳои низомсоз дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафтани ҶСК «Агроинвестбонк» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани эътибор ва устувории низоми бонкӣ чораҳои заруриро андешиданд ва барои дастгирии бонк роҳи сармоякунонии онро пеш гирифтанд.
Сармоягузории бонк хусусияти муваққатӣ дошта, дар мӯҳлати 5 соли минбаъда маблағҳои ба ин мақсад сарфшуда бо риояи тамоми рукнҳои шаффофият ба буҷет баргардонида мешаванд.
Ва ниҳоят қобили қайд аст, ки иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ яке аз роҳҳои маъмулии замони ҷорӣ дар самти андешидани чораҳои таъҷилии солимгардонии молиявии бонк ба шумор рафта, инчунин барои таъмини субот ва устувории низоми бонкӣ равона гаштааст.
Хадамоти матбуоти
БМТ