Рақобати солим дар фаъолияти бонкҳо ба баланд шудани сифати хизматрасонии онҳо мусоидат мекунад

Бойгонии ахбор
30.12.2013

Рақобати солим дар фаъолияти бонкҳо ба баланд шудани сифати хизматрасонии онҳо мусоидат мекунад

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи «ИмрӯзNews» Назири Нусрат

    1. Мастер-Банк, ки бо чанде аз бонкҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ дошт, вазъи ногувор дошта, иҷозатномааш аз ҷониби Бонки марказии Русия бозхонд шуд. Бо ба вуқуъ пайвастани ин ҳолат дар Мастер-Банк, бонкҳои Тоҷикистон зарар дидаанд ё на?

    Қабл аз ҳама бояд қайд намоем, ки бонкҳои ҷумҳурӣ бо Мастер- Бонки Руссия ҳамкорӣ надоранд, аз ин рӯ, таъсири манфии аз фаъолият бозмондани бонки номбурда ба бонкҳои ҷумҳурӣ нарасидааст.

    2. Гуфта мешавад, ки бонкҳои Тоҷикистон аз ин ба баъд қарзҳоро бо асъори миллӣ медиҳанд, ин гуфтаҳо ҳақиқат дорад?

    Бонкҳои ҷумҳурӣ дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ва аз рӯи дархости муштарӣ қарзҳоро бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ пешниҳод менамоянд. Пешниҳоди қарз бо ин ё он асъор аз захираҳои қарзии ҷалбшудаи бонк вобаста аст ва гуфтугузорҳо дар мавриди он ки қарзҳо минбаъд бо сомонӣ дода мешаванд, асоси воқеӣ надоранд.

    3. Дар сурати роҳандозии чунин кор муштариён зарар намебинанд?

    Ҳангоми додани қарз бо пули миллӣ пардохти он низ бо пули миллӣ анҷом дода мешавад ва аз ин амал муштарӣ ягон гуна зарар намебинад.

    4. Қонунгузорӣ дар ин маврид чӣ мегӯяд?

    Тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ташкилотҳои қарзӣ метавонанд амалиёти бонкиро бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ анҷом диҳанд, яъне бонкҳо метавонанд бо кадом асъоре, ки имконияти додани қарзро доранд бо он асъор қарзро пешниҳод намоянд.

    5. Барои ҳарчи тезтар дастрас намудани қарзҳо чӣ чораҳо андешида шудаанд?

    Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дар муҳлати кӯтоҳ дастрас намудани қарз Дастурамали №186 «Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ»-ро таҳия ва тасдиқ намудааст, ки он дар сомонаи интернетии Бонки миллии Тоҷикистон (www.nbt.tj) ҷойгир карда шудааст.
    Тибқи талаботи Дастурамали мазкур ташкилоти қарзӣ вобаста ба андозаи қарз, муҳлати кор бо дархост, омӯзиши ҳуҷҷатҳо, огоҳ намудани муштарӣ дар хусуси рад кардани додани қарз ва ғайраро муқаррар менамояд, аз ҷумла дархост барои гирифтани қарз дар давоми то 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид гардидани он баррасӣ карда мешавад.
    Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2012 №307 ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Бюрои таърихи қарзҳои «Бюрои қарзию иттилоотии Тоҷикистон» иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти Бюрои таърихи қарз дода шуд.
    Таъсиси Бюрои қарзии номбурда барои баланд гардидани сифат ва суръати коркарди дархостҳои қарзхоҳон нақши муҳим мебозад. Фаъолияти хуб ва самараноки Бюрои қарзӣ ба баҳодиҳии хавфҳои қарзӣ ва ба муштариёне, ки таърихи хуби қарзӣ доранд барои ҳарчи зудтар дастрас намудани қарз мусоидат менамояд.
    Қобили қайд аст, ки шумораи ташкилотҳои қарзи ва воҳидҳои сохтории онҳо афзоиш ёфта, сифати хизматрасониашон баланд шуда истодааст. Ин барои ҷалби бештари муштариён ва васеъ кардани фазои хизматрасонии бонкӣ ва дастрас намудани аҳолӣ ба манбаҳои қарзӣ кумак мерасонад. Илова бар ин, дар байни бонкҳо рақобати солим ба миён меояд ва ин ба паст кардани меъёри фоизии қарз, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва дар муҳлати кутоҳ баррасӣ кардани он оварда мерасонад. 
    Бояд қайд намуд, ки чи тавре, ки таҷриба нишон медиҳад дар бисёр ҳолатҳо худи муштариён пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани қарзро бо сабаби гуногун ба таъхир мегузоранд, ки он муҳлати муқаррарнамударо низ дарозтар менамояд.
    Бо мақсади дар муҳлати кутоҳ баррасӣ намудани пешниҳоди қарз, ҷиҳати бақайдгирии гарави амволи манқул ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рейтинги байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ амал менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар ин самт кор идома дорад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку