Қурби долл. ИМА тағйир наёфт

Бойгонии ахбор
02.01.2014

Қурби долл. ИМА тағйир наёфт

    Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА чун ҳафтаи пешин бе тағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,9220-4,9380 сомонӣ қарор гирифт.
    Вале дар ин рӯзҳои солинавӣ қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан ба 0,1478-0,1488 сомонӣ ва ба 6,5300-6,6670 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз, 2 январ, дар ибтидои соли 2014 қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9240-4,9370 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9250-4,9350 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9200-4,9400 сомониро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку