03.01.2014
Дар ҷумҳурӣ боз як бонки нав ташкил шуд
Имрӯз, 3 январи соли равон дар ҷумҳурӣ шумораи бонкҳои низоми бонкии мамлакат ба як адад афзоиш ёфта, миқдори онҳо ба 17 адад баробар шуд.
Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурд «Спитамен Капитал» ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитамен Бонк» табдил дода шуда, ба вай иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд. Ба ибораи дигар гӯем, дар низоми бонкии мамлакат боз як бонки нав ба фаъолият шуруъ кард.
Ҳамчунин, тибқи Қарори мазкур барои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи бонки навтаъсис таъин намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи бонкӣ розигӣ дода шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ