07.01.2014
Шарҳи мухтасар вобаста ба ахбори сомонаи форсии радиои тоҷикӣ оид ба мақолаи “Фош шудани тақаллубкории Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон”
ҶСП БС «Конт Investment Bank» таҳти таҳримҳои байналхалқӣ қарор дошта, вобаста ба ин талаботҳо хизматрасонии интиқолҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст.
Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар таъйид менамояд, ки тавассути суратҳисобҳои мавҷудаи бонки мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ягон амалиёти интиқолӣ, ки аз ҷониби таҳрими зикршуда манъ гардидааст, гузаронида нашудааст.
Ҷиҳати муҳокимаи масъала вохӯрӣ бо ҳайати баландпояи намояндагии эронӣ бо сарварии муовини Раиси Бонки марказии Эрон тибқи риояи муқаррароти протоколӣ барпо шуда, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф сурат гирифта буд.
Боиси таассуф аст, ки дар мақолаи дарҷшуда кӯшишҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷро намудани расмиёти протокол ҳамчун кашолкорӣ барои ташкили мулоқот маънидод шудааст.
Илова бар ин, гурӯҳи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба пуррагӣ равшан намудани вазъи масъала дар ҶСП БС «Конт Investment Bank» кор бурда истодааст.
Хадамоти матбуоти
БМТ