08.01.2014
Масъалаҳои ҳамкориҳои судманд муҳокима шуданд
Ҷанбаъҳои гуногуни вусъат додани ҳамкориҳои самаровари тарафайн дар вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон А.Ширинов бо ҳайати намояндагии бонки олмонии «Коммерсбонк» (ҶФО) таҳти сарварии ҷаноби Бодо Тиюнс , ки имрӯз 8 январи соли равон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни мулоқоти судманд масъалаҳои васеъ кардани ҳамкориҳои дуҷониба дар хизматгузории бонкӣ, молиявӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Меҳмонон дар мавриди тақвияти бонкҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон, боло бурдани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ибрози назар карданд.
"Коммерсбонк" (ҶФО) яке аз бонкҳои калонтарин дар Аврупо ба шумор рафта, фаъолияти худро аз соли 1870 оғоз бахшидааст ва дар бештари хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявӣ мавқеи пешбарро ишғол менамояд.
Хадамоти матбуоти
БМТ