08.01.2014
БМТ - узви Биржаи байнибонкии асъори ш. Москва гардид
Бонки миллии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2013 тибқи тартиби муқарраршудаи қонунгузории Федератсияи Русия узви комилҳуқуқи Биржаи байнибонкии асъори ш.Москва гардид.
Шомил шудани Бонки миллии Тоҷикистон ба ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ имконият медиҳад, ки робитаҳои БМТ ва бонкҳои кишвар бо шарикони Федератсияи Русия тавассути биржаи мазкур ба сатҳи нави ҳамкориҳои судманд барояд.
Қайд кардан ба мврид аст, ки оғози амалиётҳо дар ин биржа бо иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар охири моҳи январи соли 2014 ба нақша гирифта шудааст.
Хадамоти матбуоти
БМТ