Ҷаласаи якуми гуруҳи корӣ баргузор гардид

Бойгонии ахбор
09.01.2014

Ҷаласаи якуми гуруҳи корӣ баргузор гардид

    6 январи соли равон Ҷаласаи якуми Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қимматнок баргузор гардид. Гуруҳи номбурда бо Қарори ҷаласаи XII-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз ҳисоби намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ ташкил шуда буд.
    Дар рафти ҷаласаи якуми Гуруҳи корӣ масъалаҳои амалие, ки ба иҷрои супоришҳои ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат равона гардидаанд, муҳокима шуданд. Аз ҷумла, тасмим гирифта шуд, ки тарз ва услуби фаъолияти бозори такрории коғазҳои қимматнок бо истифода аз таҷриба ва технологияҳои ҳозиразамони ҷаҳонӣ ба нақша гирифта шавад.
    Бо мақсади идома додани омӯзиш ва таҳияи пешниҳодҳои нав гузаронидани ҷаласаи навбатии Гуруҳи корӣ дар интиҳои моҳи январи соли равон дар назар аст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку