Таваҷҷуҳи бонкҳои бонуфузтарини дунё ба Тоҷикистон бештар мегардад

Бойгонии ахбор
09.01.2014

Таваҷҷуҳи бонкҳои бонуфузтарини дунё ба Тоҷикистон бештар мегардад

    Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда барои тавсеаи муносибатҳои муросилотӣ бо яке бонкҳои бузургтарини дунё (Бонк оф Токио-Митсубиши) идома дорад.
   Чанде қабл намояндагони ин бонк барои барпо намудани муносибатҳои муросилотӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар яке аз ҷаласаҳои байналхалқӣ, ки дар хориҷи кишвар баргузор гардида буд, мулоқот доир намуданд.
    Хотиррасон менамоем, ки Бонк оф Токио-Митсубиши (Ҷопон) яке аз бонкҳои бузургтарини дунё ба шумор рафта, мавқеи намоёнро дар бозорҳои молиявии ҷаҳон ишғол менамояд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку