09.01.2014
Қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор андаке афзуд
Ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андаке афзуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,9290-4,9450 сомонӣ қарор гирифт.
Дар баробари ин, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ каме паст шуда, ба 0,1456-0,1470 сомонӣ ва бо евро бошад, каме баланд гашта ба 6,6374-6,6574 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 9 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9300-4,9500 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9350-4,9450 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9400-4,9500 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ